Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва Мустафо Сону, ки барои ширкат дар 37-умин Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон басар мебарад, рӯзи сешанбе гуфтугӯ ва табодули назар карданд. Амирабдуллоҳиён дар ин дидор нақши Маҷмаи фиқҳи исломӣ дар фазои ҷадиди минтақаро муҳим ва таъсиргузор донисту аҳамияти афзоиши таъомулот миёни андешмандони ҷаҳони ислом барои тақвияти ваҳдати исломӣ ва муқобила бо чолишҳои фарорӯи уммати исломиро мавриди таъкид қарор дод. Вай ҳамчунин бар лузӯми ҳамфикрӣ ва ҳамоҳангӣ барои муқобилаи қотеъ ва ҳӯшмандона бо ҳаракоти хазнда ва иқдомоти муҳине, ҳамчун иҳонат ба муқаддасот вап арзишҳои исломӣ таъкид ва бар омодагии Теҳрон барои ҳамкорӣ бо Маҷмаи фиқҳи исломӣ дар ин замина тасреҳ кард. Мустафо Сону, дабири кулли Маҷмаи фиқҳи исломии Созмони Ҳамкории Исломӣ низ дар ин дидор зимни ишора ба нақши муҳим ва таъсиргузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаҳони ислому ташаккур аз ибтикороту талошҳои арзандаи Эрон дар ҷиҳати ваҳдати уммати исломӣ ва тақриб миёни мазоҳиби исломӣ, гузорише аз иқдомоту фаъолиятҳои Маҷмаи фиқҳи исломӣ ироа кард.
342/